ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 23:02 | 19 ноябр

Ҷопон дар Тоҷикистон 2 тарҳи иҷтимоъиро ъамалӣ кард

Дата: 15:30, 05-11-2019.

Душанбе. 5 ноябр. ТоҷикТА – Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон бар арзиши 178,5 ҳазор доллар 2 тарҳи иҷтимоъиро ъамалӣ кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи сафорати Ҷопон дар Душанбе, тарҳи якум дар ноҳияи Файзобод иҷро шуд. Бо кумаки бебозгашти 89,2 ҳазор долларии Ҷопон бинои нави мактаби рақами 63 ба баҳрабардорӣ расид.
Дар ноҳияи Тоҷикистон тарҳи дувум, маркази бонувон сохта шуд. Ҳукумати ноҳияи Тоҷикобод барои сохтусоз ва таҷҳизи ин марказ 89,3 ҳазор доллар дарёфт кард. Маркази бонувон давраҳои омӯзишӣ дорад ва ба бонувони маҳаллӣ кумакҳои равонӣ ва ҳуқуқӣ медиҳад.
Гуфта мешавад, ки Ҷопон минбаъд низ аз Тоҷикистон пуштибонӣ хоҳад кард.

Поделиться новостью: