ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 22:43 | 19 ноябр

Футболбози тоҷик бо бошгоҳи Бангладеш қарордод имзо кард

Дата: 12:18, 05-11-2019.

Душанбе. 5 ноябр. ТоҷикТА – Ҷаҳонгир Эргашев, муҳоҷими 25-солаи бошгоҳи “Хуҷанд” ва тими миллии ҶТ минбаъд дар бошгоҳи “Саиф Спортинг Клуб”-и Бангладеш фаъолияташро идома медиҳад, мегузорад хабаргузории ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи ФФТ, муҳоҷими Тоҷикистон ахиран бо ин бошгоҳ қарордод имзо кард.
“Саиф Спротинг Клуб” дар мавсими гузашта дар лигаи бартари Бангладеш паллаи чаҳорумро касб карда буд. Рақами Эргашев дар ин бошгоҳ 62 аст.

Поделиться новостью: