ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 23:10 | 19 ноябр

ИМО ба сурати расмӣ хурӯҷ аз “Тавофуқномаи Париж дар бораи иқлим”-ро эълом кард

Дата: 16:11, 05-11-2019.

Душанбе. 5 ноябр. ТоҷикТА – Майк Помпео, дабири кулли ИМО рӯзи 4 ноябр дар сафҳаи Твиттери худ навишт, ки кишвараш раванди хурӯҷ аз тавофуқномаи Париж дар бораи иқлимро оғоз кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бино ба гузориши хабаргузории Регнум, Майк Помпео чунин навишт, “Мо имрӯз раванди расмии хурӯҷ аз тавофуқномаи Париж дар бораи иқлимро оғоз мекунем”.
Ба гуфтаи Майк Помпео, “Вашингтон барои коҳиш додани партобҳои СО2 усули воқеъӣ ва устувор дорад. Ъилова бар ин, ИМО бо “шуҳрати пешвои ҷаҳонӣ будан дар коҳиш додани ҳамагуна партобҳо, афзойиш устуворӣ ва рушди иқтисодӣ”-и худ ифтихор мекунад.
Чанде пеш маркази матбуъотии вазорати корҳои хориҷии ИМО дар бораи хурӯҷи Вашингтон аз тавофуқномаи Париж хабар дода буд. Ин вазорат чунин мешуморад, ки ширкати ИМО дар тавофуқномаи иқлимӣ ба коргарону соҳибкорони омрикоӣ бори гарони бедодӣ аст.

Поделиться новостью: