Раҳмон дар таҷлили 75-умин солгарди Ғалаба дар Маскав ширкат мекунад

Дата: 11:45, 02-06-2020.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими бошукӯҳи таҷлили 75-умин солгарди пирӯзӣ дар ҷанги ҷаҳонии дувум ширкат мекунад, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бино ба иттилоъи ВУХ Тоҷикистон, Русия дар бораи ширкати раисҷумҳури ҶТ дар ин тадбир, ки рӯзи 24 июн баргузор хоҳад шуд, ба сурати расмӣ мутталеъ шудааст.
Ҳамзамон Қосим Жомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, Сооронбай Жээнбеков, раисҷумҳури Қирғизистон, Игор Додон ва Александр Вучич, сарони Молдова ва Сербия низ ширкати худро дар ин тадбир таъйид кардаанд.
Ҳамчунин, ҳузури Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон дар тадбир низ дар назар аст.

Поделиться новостью: