Шумори мубталоёни куруновирус дар Тоҷикистон 4013 тан шуд
Дата: 10:37, 02-06-2020.

Рӯзи 1 июн шумори мубталоёни куруновирус дар Тоҷкистон ба 4013 тан расид, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бино ба иттилоъи вазорати беҳдошт кишвар, дар як шаборӯзи гузашта дар Тоҷикистон 83 мавриди нави ибтило ба вирус сабт шуд.
То ба ҳол 47 тан қурбони куруновирус шуданд.
Дар ъайни ҳол шумори беҳбудёфтагон ба 2 089 тан расид.