Дар қаҳрамонии футболи Тоҷикистон имсол 42 нафар футболбози хориҷӣ ҳузур хоҳанд дошт

Дата: 10:06, 01-04-2020.

Дар қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, ки рӯзи 5 апрел оғоз хоҳад шуд, 42 футболбоз аз 9 кишвари хориҷиву 3 қитъа ҳузур хоҳанд дошт, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чоршанбе.
Бино ба иттилоъи ФФТ, 24 нафар футболбози хориҷӣ аз Осиё мебошанд, ки 20 тан аз онҳо ӯхбекистонӣ ҳастанд. Аз лиҳози шумор намояндагони Ӯзбекистон дар миёни футболбозони хориҷӣ бар дигарон бартарӣ доранд. Футболбозони Ӯзбекистон дар 6 бошгоҳи кишвар сабтином шудаанд.
Шумори футболбозони Гана дар қаҳрамонии ҶТ 10 нафар аст.
Дар кулл, 14 нафар ҳимоятгар, 13 нафар нимҳимоятгар, 9 нафар муҳоҷим ва 6 тан дарвозабони хориҷӣ имсол дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Нахустин бор дар таърихи қаҳрамонии футболи ҶТ намояндаи Туркманистон ҷой дорад, ки ӯ – Воҳид Оразсахедов, муҳоҷими бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе аст.
Ҳамаи бошгоҳҳои лигаи ъолӣ дар таркиби худ легионер доранд.
Дар суфуфи бошгоҳҳои “Кӯктош”, “Истаравшан” ва “Душанбе-83” шумори легионерҳо 6 нафарӣ аст.
Бар асоси муқаррароти қаҳрамонии Тоҷикистон, як бошгоҳи лигаи ъолӣ метавонад дар таркиби худ то 6 нафар футболбози хориҷӣ дошта бошад. Аммо то 4 нафари онҳо ҳуқуқи якбора вориди бозӣ шуданро доранд.

Поделиться новостью: