ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 20:05 | 19 октябр

Варзишкори тоҷик барандаи медали тилло дар бозиҳои тобистонаи Олимпик-2016 шуд

Дата: 12:21, 20-08-2016.


Душанбе. 20 август. ТоҷикТА – Дилшод Назаров, гурзандози номовари тоҷик дар бозиҳои Олимпики Рио-16 медали тиллоро ба даст овард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи шанбе.
Бино ба иттилоъи кумитаи миллии олимпики Тоҷикистон (КМОТ), Дилшод Назаров дар давраи ниҳоӣ чаккушро ба 78,68 метр партоб кард.
Иван Тихон, гурзандози Белорус бо натиҷаи 77,79 метр медали нуқра ва Войсех Новиски, варзишкори лаҳистонӣ бо натиҷаи 77,73 метр медали брунзро касб карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Олимпики Рио-16 ҳамагӣ 7 нафар варзишкорон – Дилшод Назаров (гурзандоз), Анвар Юнусов (муштзан дар радаи вазни то 60 кило), Комроншоҳи Устопириён (ҷудукор дар радаи вазни то 90 кило), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудукор дар радаи вазни беш аз 100 кило), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (шиноварони сабки озод ба фосилаи 50 метр), ҳамчунин Кристина Прожненко (даванда ба фосилаи 200 метр) аз Тоҷикистон намояндагӣ карданд
Аз миёни ҳайати варзишкорони ҶТ дар бозиҳои Олимпики Рио-16 танҳо Д. Назаров барандаи медал, он ҳам тилло шуд.
Ин дувумин медали тилло дар таърихи варзиши Тоҷикистон аст. Соли 1992 дар бозиҳои Олимпик дар Барселона Андрей Абдувалиев, гурзандози тоҷик нахустин медали тиллоро барои кишвари худ оварда буд.
Дилшод Назаров 6 майи соли 1982 дар Душанбе таваллуд шудааст. Вай ҳамчунин,  барандаи медали нуқраи мусобиқоти ҷаҳон дар соли 2015, ғолиби бозиҳои Осиё дар солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (солҳои 2009, 2013, 2015) ва қаҳрамони Осиё дар миёни ҷавонони Осиё дар солҳои 1999 ва 2001 ба шумор меравад.

Поделиться новостью: