ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 19:38 | 19 октябр

Ҷудукори Тоҷикистон дар мусобиқоти собиқадорон қаҳрамони ҷаҳон шуд

Дата: 16:01, 22-11-2016.

Душанбе. 22 ноябр. ТоҷикТА – Парвиз Собиров, куштигири Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷуду дар миёни собиқадорон (Veterans World Judo Championships 2016), дар ИМО қаҳрамони ҷаҳон шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бино ба иттилоъи федерасиюни ҷудуи Тоҷикистон (ФҶТ), Парвиз Собиров, ҷудукори тоҷик дар радаи вазни то 100 кило дар гурӯҳи М2 Грегори Каусеро ва Венеро Мелло, варзишкорони Фаронса ва Бразилияро шикаст дод ва ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.
Варзишкори тоҷик дар рақобати нимниҳоӣ ба Дамиано Охараи омрикоӣ дастболо шуд ва ба рақобати ниҳоӣ суъуд кард. Дар рақобати ниҳоӣ Собиров бар Яника Лавиалеро, ҷудукори фаронсавӣ пирӯз ва қаҳрамони ҷаҳон шуд.
Ёдовар мешавем, ки Фаронса дар мусобиқот бо дарёфти 42 медал – 17 тилло, 11 нуқра ва 14 брунз садри ҷадвал мебошад. ИМО бо касби 40 медал – 12 тилло, 7 нуқра ва 21 брунз ва Бразилия бо 40 медал – 9 тилло, 13 нуқра ва 18 брунз дар паллаҳои дувуму савум қарор доранд. Тоҷикистон бо 1 медали тилло ва 1 паллаи ҳафтум дар паллаи 25-ум ҷойгир аст.

Поделиться новостью: