ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 5:06 | 19 август

Тошканд ба Душанбе барои ҳамлу нақли мусофирон ва колоҳо гушоиши роҳоҳани Амузанг-Ғалабаро пешниҳод кард

Дата: 14:30, 24-02-2017.

Душанбе. 24 феврал. ТоҷикТА – Ӯзбекистон ба Тоҷикистон барои ҳамлу нақли колоҳо ва мусофирон гушоиши роҳоҳани Амузанг-Ғалабаро пешниҳод кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино ба гузориши расонаҳо, Ҳусниддин Ҳосилов, муҳандиси кулли ширкати “Роҳоҳани Ӯзбекистон” гуфт, ки “Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дидгоҳи худро дар мавриди гушоиши роҳи оҳан дар миёни ду кишвар дар маҳалли Амузанг-Ғалаба маълум кард. Аз нигоҳи иқтисодӣ танҳо ҳамлу нақли мусофирон аз тариқи ин роҳи оҳан қобили қабул нест. Барои судоварии ин роҳоҳан бояд ҳамлу нақли колоҳо низ роҳандозӣ шавад. Мо... ба онҳо (Тоҷикистон –ТоҷикТА) пешниҳод мекунем, ки барои ҳамлу нақли колоҳо аз тариқи якчанд қатор ба мо имкон диҳанд. Тоҷикистон ин масъаларо баррасӣ мекунад”.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш хабари баррасии масоъили гушоиши роҳоҳан дар маҳалли Амузанг-Ғалаба аз сӯи ду кишвар паҳн шуд. Ҳаракати қаторҳо дар ин роҳи оҳан дар соли 2011 баста мутаваққиф шуда буд.

Поделиться новостью: