ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 15:11 | 17 октябр

Тоҷикистону Русия тамриноти муштараки зиддитеррористиро баргузор карданд

Дата: 17:02, 09-12-2016.

Душанбе. 9 декабр. ТоҷикТА – Тоҷикистон ва Русия тамриноти муштараки зиддитеррористиро баргузор карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯз ҷумъа.
Бино ба гузориши шабакаи телевизионии «Россия 24», ҳавопаймоҳои таҷоҳумии Су-25СМ-и Русия барои ширкат дар ин тамриноти воҳидҳои заминии ду кишвар аз Қирғизистон ба Тоҷикистон мустақар шуданд.
Нерӯҳои ҳавоӣ бо чархболҳо муҳофизати воҳидҳои вижа ва соири воҳидҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Русияро таъмин карданд.
Ҳавопаймоҳои таҳоҷумии Русия баъди аз байн бурдани «душманҳо» ба пойгоҳи ҳавоии «Кант» дар Қирғизистон бозгаштанд. Онҳо ҳавопаймоҳои Ҳавзаи марказии низомӣ мебошанд ва амнияти кишварҳои ъузви Созмони паймони амнияти дастиҷамъиро таъмин мекунанд.

Поделиться новостью: