ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 16:31 | 13 декабр

Тоҷикдухтар Мунира дар феҳристи зеботарин бонувони ҷаҳон ҷой гирифт

Дата: 11:51, 20-08-2015.

Душанбе. 20 август. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Мунира Мирзоева, духтари 19-солаи тоҷик дар феҳристи зеботарин бонувони ҷаҳон ҷой гирифт, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Дар миёни даҳҳо бонувони зеботарини ҷаҳон дар феҳристи The Atlas of Beauty -- сойти ҳунар ва уълуми иҷтимоъӣ, аъкси як духтари зебо аз Тоҷикистон ба номи “зеботарин фаррош (кӯчарӯб)” муъаррифӣ шудааст.
Вале маълум шуд, ки ин духтари зебои тоҷик дарвоқеъ дар бахши умури ободонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҳамчун гулпарвар фаъолият дорад.
The Atlas of Beauty  як тарҳи интернетӣ буда, масъули он Михаэла Норок, хонуми аъккос аз Руминия аст.
Вай дар бораи худаш менигорад, ки “гардишгарӣ мекунад ва бо аъккосӣ аз зебоиҳои табиъии муҳити зисти дунё рангорангии сайёраро аз тариқи тасовири бонувон намоиш медиҳад”.
Дурбини аъккосии хонум Норок моҳи пеш, замоне, ки дар Тоҷикистон сайру саёҳат дошт, Мунира Мирзоеваро ҳадаф қарор дод. Дере нагузашта, дар сафҳаи Рухномаи (Facebook) вай, аъкси духтари тоҷик таҳти уънвони “A beautiful street cleaner in Dushanbe, Tajikistan (Кӯчарӯби зебо аз Душанбе. Тоҷикистон) мунташир шуд.
Худи Мунира, духтари 19-солаи душанбегӣ ҳатто хабар надошт, ки ба зебоии вай дар шабакаҳои иҷтимоъӣ арҷ мегузоранд.
Мунираи гулпарвар дар умури ободонии пойтахт, танҳо нондеҳи хонаводаи калонест, ки аз 7 нафар иъборат аст.

Поделиться новостью: