ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 8:12 | 14 декабр

Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» масири парвози Душанбе-Сургут ва Хуҷанд-Нижневартовскро дубора боз мекунад

Дата: 13:54, 28-10-2016.

Душанбе. 28 октябр. ТоҷикТА – «Тоҷик Эйр», ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли ҷорӣ масири парвози Душанбе-Сургут ва Хуҷанд-Нижневартовскро муҷаддадан боз мекунад, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии «Тоҷик Эйр», парвозҳо дар масири Душанбе-Сургут-Душанбе дар 2 ҳафта 1 бор, рӯзҳои якшанбе дар соъати 19.40 анҷом хоҳад ёфт. Муддати парвоз 3 соъату 40 дақиқа аст. Нархи билети яктарафа 1387 сомонӣ (176 доллар) мебошад.
Парвози масири Хуҷанд-Нижневартовск- Хуҷанд низ дар 2 ҳафта 1 бор, рӯзҳои якшанбе дар соъати 20.30 анҷом меёбад. Муддати парвоз 3 соъату 30 дақиқа аст. Нархи билети яктарафа 1215 сомонӣ (154 доллар) мебошад.

Поделиться новостью: