ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 13:45 | 18 июл

Шаҳри Душанбе бо ҷоизаи «Шаҳри сулҳ» сарфароз шуд

Дата: 12:34, 14-11-2016.

Душанбе. 14 ноябр. ТоҷикТА – Шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон бо ҷоизаи «Шаҳри сулҳ»-и сандуқи «Роҳи Абрешим» сарфароз шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии шаҳрдории Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пойтахти ҶТ рӯзи гузашта дар чаҳочӯби намойишгоҳи байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти шиъори «Марворидҳои роҳи Абрешим» дар Душанбе бо Шао Чанчун, раиси сандуқи «Роҳи Абрешим»-и ҷумҳурии мардумии Чин (ҶМЧ) ва Ченг Гуопинг, мушовири раисҷумҳури ҶМЧ дар масоъили амниятӣ мулоқот кард. Меҳмонон дар раванди мулоқот изҳор карданд, ки соли 2016 шаҳри Душанбе бо тасмими доварони озмуни ҷаҳонӣ ҳамзамон бо шаҳрҳои Рим (Италия), Афина (Юнонистон), Ашқобод (Туркманистон), Боку (Озарбойҷон) ва Бишкек (Қирғизистон) бо ҷоизаи «Шаҳри сулҳ»-и сандуқи «Роҳи Абрешим» сарфароз гардид.
Ченг Гуопинг, мушовири амниятии раисҷумҳури Чин дар як фазои ҷашнӣ ҷоизаи «Шаҳри сулҳ»-ро ба Маҳмадсаид Убайдуллоев супурд.

Поделиться новостью: