ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 16:26 | 17 октябр

Русия ба иҷоди падофанди ҳавоии муштараки минтақаӣ бо Тоҷикистон ва Қирғизистон иқдом кардааст

Дата: 20:20, 08-04-2016.


Душанбе. 8 апрел. ТоҷикТА – Русия қасд дорад, то якҷо бо Тоҷикистон ва Қирғизистон падофанди (дифоъ) ҳавоии муттаҳидаи минтақаӣ иҷод кунад, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Дар ин бора расонаҳои хабарӣ бо истинод аз Павел Кураченко, муъовини аввали сарфармондеҳи нерӯҳои ҳавоиву фазоии Русия гузориш кардааст.
Тарҳи тавофуқномаи иҷоди низоми муттаҳидаи минтақаии падофанди ҳавоии миёни ФР ва Қирғизистон ва ҳамчунин, миёни ФР ва Тоҷикистон таҳия шудааст ва дар марҳилаи ба тавофуқ расидан қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2013 тавофуқномаи мушобеҳи миёни Русия ва Қазоқистон ба имзо расида буд.
Ҳамчунин, тавофуқномаи миёни Арманистон ва Русия дар мавриди иҷоди низоми муттаҳидаи минтақаии дифоъи ҳавоӣ дар минтақаи амнияти дастаҷамъии Қафқоз 23 декабри соли 2015 ба имзо расид.
Дар ҳоли ҳозир тарафҳо феҳристи ниҳодҳои мудирияти низомӣ, марокизи фармондеҳӣ, иттиҳодияҳо, ташкилаҳо ва воҳидҳои низомиро, ки бояд шомили низоми муттаҳида ва муштараки дифоъи ҳавоии минтақаӣ бошад, ҳамоҳангсозӣ мекунанд.
Дар ҳоли ҳозир ҷонибҳо барои тасвиби ин тавофуқнома иқдом кардаанд.

Поделиться новостью: