ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 12:13 | 18 июл

Раисҷумҳури Ӯзбекистон даргузашт

Дата: 09:45, 03-09-2016.

Душанбе. 3 сентябр. ТоҷикТА – Ислом Каримов, нахустин раисҷумҳури Ӯзбекистон дар синни 78-солагӣ даргузашт, гузориш медиҳад УзТАГ.
Бино ба гузориши вижаи барномаи иттилоъотии «Ахборот»-и шабакаи телевизиони «Ӯзбекистон», Ислом Каримов рӯзи 2 сентябри соли 2016 дар шаҳри Тошканд дар пайи сактаи мағзӣ даргузашт.
Маросими хоксупории раисҷумҳури Ӯзбекистон имрӯз дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 28 август расонаҳои хабарӣ бо истинод ба дафтари вузарои Ӯзбекистон дар бораи ба бемористон мунтақил шудани Каримов иттилоъ дода буданд.
Дертар Лола Каримова, духтари Ислом Каримов дар саҳифаи худ дар Facebook навишт, ки падараш дучори сактаи мағз шудааст.
Ба асоси иттилоъи ҳукумати Ӯзбекистон, рӯзи 2 сентябр вазъияти Каримов вахим буд.
Ислом Каримов соли 1989 ба вазифаи нахустдабири КМ Компартияи Ӯзбекистон таъин шуд. Вай 24-августи соли 1990 дар ҷаласаи Шӯрои оълии Ӯзбекистони шӯравӣ раисҷумҳури Ӯзбекистон интихоб шуд.
Соли 1991 Ислом Каримов дар интихоботи уъмуммиллӣ раисҷумҳури Ӯзбекистони мустақилл интихоб гардид.

Поделиться новостью: