ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 19:24 | 19 октябр

Раисҷумҳури Русия ба раиси порлумони Тоҷикистон нишони Дӯстӣ эҳдо кард

Дата: 13:27, 14-10-2016.

Душанбе. 14 октябр. ТоҷикТА – Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси сенати порлумони ҶТ барои саҳми вай ба роҳандозии иртибот дар миёни манотиқи ду кишвар нишони Дӯстӣ эҳдо кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино ба иттилоъи порлумони ҶТ, Валентина Матвиенко, раиси шӯрои федерасиюни Русия, ки рӯзи гузашта дар панҷумин форуми байнипорлумонии «Тоҷикистон-Русия: зарфияти ҳамкории байниминтақаӣ» дар Душанбе ширкат кард, бо намояндагӣ аз Путин нишони Дӯстиро ба Убайдуллоев супурд.
Ёдовар мешавем, ки Матвиенко дар чаҳорчӯби сафар дар Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар  ва руасои ҳар ду маҷлиси порлумони ҶТ мулоқот кард.

Поделиться новостью: