ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 1:50 | 13 ноябр

Раҳмон орми Наврӯз-2016-ро тайид кард

Дата: 13:16, 03-03-2016.


Душанбе. 3 март. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран орми (логотип) Наврӯз-2016-ро, ки дар ҳамаи тадбиру барномаҳои имсолаи ҷашни Наврӯз истифода хоҳад шуд, ба тасвиб расонд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Бинобар иттилоъи дафтари матбуъотии раисиҷумҳури ҶТ,  орми имсолаи Наврӯз дар саросари кишвар тавассути вазоратҳо, муассисот, ниҳодҳои давлатии иҷроияи вилояту шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон барои таҷлили ҷашн истифода хоҳад шуд. Имсол Наврӯз дар Тоҷикистон сар аз 21 март 4 рӯз ҷашн гирифта мешавад.
Дар маркази доираи осмонранги обии орми «Наврӯз-2016» дар пасманзари анвори хуршед мунодиёни баҳор – ду парастуи дар ҳоли парвоз ва аз ду тараф гулҳои худрӯи лолаи кӯҳӣ ва савсан, ки намоди оғози як фасли нав ва зиндагии нав аст, тасвир ёфтааст.
Наврӯз ҷашни баробарии шабу рӯз ва оғози мавсими нави кишоварзӣ дар миёни кулли мардумони форсизабон ва бархе аз халқҳои туркзабони Осиёи Миёна ва Хурд, аз ҷумла бошқирдҳо тоторҳо ба шумор меравад.
Наврӯз, вожаи ноби форсӣ маънои оғози соли навро дорад ва дар кишварҳои гуногун Новрӯз, Наврӯз, Нурӯз, Невруз, Наурыз, Нооруз ва ғайра талаффуз ва навишта мешавад.
Он дар Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 21 март ҷашн гирифта шуда ва намоде аз таҷдиди инсон ва табиъат, пок шудани рӯҳу равони инсонӣ ва оғози зиндагии нав ба шумор меравад.

Поделиться новостью: