ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 8:15 | 14 декабр

Раҳмон бо раванди сохтусози масҷиди беназири минтақа дар Душанбе ошно шуд

Дата: 15:32, 28-12-2015.


Душанбе. 28 декабр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо раванди сохтусози масҷиди беназир дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар Душанбе сохта мешавад, ошно шуд, мегузорад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бинобар иттилоъи дафтари матбуъотии раиҷумҳур, ин масҷиди марказии ҷомеъ дар пойтахт, бо ҳазинаи давлати Қатар бунёд мешавад.
Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 ҳангоми таҷлил аз бузургдошти 1310-умин солгарди Имоми Аъзам, бунёнгузор ва пешвои мазҳаби пуртаҳаммули ҳанафӣ, хишти аввали таҳдоби ин масҷиди бузург ва мунҳасир ба фардро гузошта буд.
Тарҳи сохтусози масҷид аз сӯи мутахассисони корозмудаи тоҷик ва қатарӣ таҳияву тарроҳӣ шудааст ва дар майдони 7,5 ҳектор бунёд мешавад. Он аз толорҳои намоз, китобхона, музей, толорҳо барои меҳмонон, мулоқот ва музокирот иъборат аст.
Умури сохтусоз ва насбу роҳандозии масҷид аз сӯи ширкатҳои сохтмонии кишвар, аз ҷумла паймонкори уъмумӣ, ширкатҳои саҳомии  “СТС-Иншоъот” ва  «Сомон таҷҳизот» анҷом мешавад.
Дар замони сохтусози масҷид беш аз 700 коргару баннои маҳаллӣ бо кору даромаду дастмузди муносиб таъмин шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ошноӣ аз раванди сохтусози масҷид дастур дод, то умури сохтусоз ва ороиши ин иъбодатгоҳи бузурги мусалмонон бино ба андозаву меъёрҳои ҷаҳонӣ анҷом дода шавад.
Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 50 дарсади кори сохтусози масҷид анҷом ёфтааст.
Меъморон ва муҳандисон ҳангоми таҳияву тарроҳии масҷиди марказии ҷомеъи Душанбе ба тавсия ва пешниҳодҳои раисҷумҳур ҷалби тавҷҷуҳ карданд.

Поделиться новостью: