ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 19:54 | 19 октябр

Пешниҳоди зарби асъори 1000 сомонӣ бо ъакси Эмомалӣ Раҳмон

Дата: 14:04, 30-09-2016.

Душанбе. 30 сентябр. ТоҷикТА – Шариф Каримов, раиси шӯъбаи «Тоҷиксуғурта» дар Шаҳринав пешниҳод мекунад, ки асъори 1000 сомонӣ бо ъакси Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зарб шавад, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Мақолаи марбутаи Шариф Каримов дар рӯзномаи «Тоҷикистон» интишор шуд.
Ба гуфтаи вай, ҷаҳон маҳз ба кӯшишҳои Раҳмон Тоҷикистону мардуми тоҷикро шинохтааст.
Каримов таъкид мекунад, ки Эмомалӣ Раҳмон ҷанги дохилии Тоҷикистонро ба поён расонд, мардумро аз чанги гуруснагӣ раҳо дод ва фирориёнро ба ватан бозгардонд. Бино бар ин, ба фикри Кармов пуштибонӣ аз пешниҳоди вай ба ифтихори 25-умин солгарди Тоҷикистон барои мардуми тоҷик кори хуб хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, кки соли 2010 дар Тоҷикистон асъори 3 сомонӣ, 200 сомонӣ ва 500 сомонӣ зарб шуд. Бонки миллии ҶТ ин тадбирро ба суди рушди сохтори муъомилоти пулӣ дар кишвар арзёбӣ кард.
Ҳар як асъор дорои тасвири яке аз бузургони мардуми тоҷик, аз ҷумла, ъолиму шуъаро мебошад.

Поделиться новостью: