ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 8:28 | 14 декабр

Паҳлавонони самбои тоҷик дар мусобиқоти Осиё 28 медал ба даст оварданд

Дата: 17:18, 14-12-2015.


Душанбе. 14 декабр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Куштигирони самбои тоҷик дар мусобиқоти Осиё дар шаҳри Атирави Қазоқистон 28 медал ба даст оварданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бинобар иттилоъи маркази матбуъотии кумитаи миллии олимпики Тоҷикистон (КМОТ), варзишкорони тоҷик дар мусобиқоти қораии самбои варзишӣ ва размӣ 13 медали тилло, 9 нуқра ва 6 брунз касб карданд.
Варзишкорони навраси тоҷик куллан 7 медал – ду тилло, ду нуқра ва се брунз ба даст оварданд.
Дар аввалин рӯзи мусобиқот варзишкорони тоҷик 7 медали тилло, 3 нуқра ва 1 брунз касб карданд.
Дар мусобиқоти Атирав дар миёни мардон паҳлавонони тоҷик Акмалиддин Каримов (52 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Мустафо Ҳасанов (68 кг), Деваштич Ҳабибов (74 кг), Ҷумъахон Назриев (90 кг), Шамшод Абдуллоев (100 кг) ва Набимуҳаммад Хоркашев (+100 кг) ба касби уънвони оълии қаҳрамони Осиё мушарраф шуданд.
Ҳамчунин,  Ардашер Исмоилов (52 кг) медали нуқра ва Муҳаммадҷон Зоидов (82 кг) медали брунз касб карданд.
Дар мусобиқоти занон куштигирони тоҷик Азиза Азизова (72 кг) ва Дилбар Султонова (80 кг) бо касби медали нуқра дастболо шуданд.
Дар мусобиқоти Осиё дар Атирав ҳудуди 300 варзишкор аз 10 кишвари Осиё -- Афғонистон, Индонезия, Қазоқистон, Корея, Қирғизистон, Малайзия, Муғулистон, Непал, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат карданд.

Поделиться новостью: