ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 18:12 | 12 ноябр

Меваҳои хушки Тоҷикистон стондорти ҷаҳонии сифатро дарёфт карданд

Дата: 18:10, 14-07-2017.

Душанбе. 14 июл. ТоҷикТА – Меваҳои хушки Тоҷикистон стондорти ҷаҳонии сифатро дарёфт карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Ибодулло Қурбониён, мудири ожонси стондортсозӣ, метрология, сертификатсия ва бозрасии тиҷории вобаста ба ҳукумати Тоҷикистон дар мусоҳибаи матбуъотӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки коршиносони ин ожонс стондорти меваҳои хушки Тоҷикистонро, ки посухгӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад, таҳия ва дифоъ карданд.
Ба гуфтаи мудири ин ожонс, умури таҳия ва дифоъи стондорти меваҳои хушк 4 сол тӯл кашид. Дифоъи гувоҳиномаи меваҳои хушки Тоҷикистон дар шаҳри Женеваи Шветсария баргузор шуд.
Қурбониён афзуд, ки акнун ин стондорт имкони содироти бидуни монеъаи меваҳои хушки Тоҷикистон ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла ба кишварҳои Урупоро фароҳам мекунад. Ъилова бар ин, тавлидкунандагони Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ метавонанд, ки бо истифода аз ин стондорт маҳсулоти худро содир кунанд.
Ӯ хотирнишон шуд, ки дар ҳоли ҳозир, коршиносони ожонс барои сертификатсияи стондорти ъасали Тоҷикистон, ки аз назари эколожӣ холису асту сифати ъолӣ дорад, кор мекунанд.

Поделиться новостью: