ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 19:02 | 12 ноябр

Маҳдудияти нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба сурати ғайрирасмӣ оғоз шуд

Дата: 14:22, 17-10-2016.

Душанбе. 17 октябр. ТоҷикТА – Дар Тоҷикистон ба сурати ғайрирасмӣ маҳдудияти нерӯи барқ оғоз гардид, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Ба асоси додаҳои сойти шабакаи миллии шаффофият дар бахши таъмини барқ  – Barknest.tj, рӯзи гузашта аҳолии ноҳияи Файзобод ҳамагӣ 7,5 соъат ва сокинони ноҳияҳои Тавилдара ва Тоҷикобод 8 соъат дар як шаборӯз бо барқ таъмин шуданд.
Чунин ҳол дар якчанд ноҳияҳои устони Суғд ва Хатлон низ мушоҳида гардид.
Дар ҳоли ҳозир танҳо шаҳри Душанбе ва Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) кулли шаборӯз бо барқ таъмин мебошанд.
Бино ба иттилоъи ширкати «Барқи тоҷик» қатъи нерӯи барқ дар баъзе ноҳияҳо ба сурати эҳтимолӣ вобаста ба умури беҳсозӣ мебошад. Гуфта мешавад, ки дар ъайни ҳол маҳдудияти барқ дар кишвар ҷорӣ нашудааст. Маҳдудияти нерӯи барқ танҳо баъди қарори марбутаи ҳукумати кишвар сурат хоҳад гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Тоҷикистон дар иртибот ба касрати нерӯи барқ дар мавсими зимистонӣ сар аз октябр то апрел маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Маҳдудияти барқ вобаста ба ин аст, ки дар асари поин омоадани шадиди ҳарорати ҳаво суръати обшавии яхчолҳо дар баландкӯҳҳои кишвар низ поин мешавад ва бо ин ҳол, сатҳи об дар садди НБО Норак аз меъёр кам мегардад. НБО Норак тавлидкунандаи аслии нерӯи барқ дар ҶТ мебошад.
Дар  ин мавсим танҳо пойтахти ҷумҳурӣ, марокизи устонҳо ва шаҳрҳои муқтадири саноъатӣ ба сурати комил бо нерӯи барқ таъмин мегарданд.
Соли гузашта маҳдудияти расмии нерӯи барқ аз 18 октябр ҷорӣ шуд, вале ҳанӯз то ба ин замон сокинони манотиқи кишвар аз маҳдудияти нерӯи барқ шикоят мекарданд.

Поделиться новостью: