ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 1:50 | 13 ноябр

Хабарнигорон: Гурзандоз Дилшод Назаров беҳтарин варзишкори соли 2015 дар Тоҷикистон аст

Дата: 13:20, 21-12-2015.

Душанбе. 21 декабр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Дар Тоҷикистон Дилшод Назаров, гурзандози номовари тоҷик беҳтарин варзишкори соли 2015 эълом шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бинобар иттилоъи анҷумани хабарнигорони варзишии Тоҷикистон (АХВТ), ахиран феҳристи даҳ варзишкори беҳтарини тоҷик дар соли 2015 эълом шуд.
Бино ба иттилоъи Нарзулло Латифов, раиси АХВТ, ба асоси назарпурсии хабарнигорони варзишӣ Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик беҳтарин варзишкори кишвар дар соли ҷорӣ эълом шудааст.
Гуфта шуд, ки дар мавсими варзишии соли 2015, аз миёни варзишкорони тоҷик танҳо Дилшод Назаров муваффақ гардид, ки дар мусобиқоти ҷаҳонии гунаҳои олимпикии варзиш дар Пекин медали нуқра ба даст биорад.
Ҳамчунин, Дилшод танҳо варзишкори тоҷик аст, ки дар мусобиқоти гунаҳои олимпикии варзиши Осиё дар Ухани Чин медали тилло касб кард.
Ба гуфтаи манбаъ, Дилшод Назаров танҳо варзишкори Тоҷикистон аст, ки барои ширкат дар XXXI Бозиҳои тобистонии олимпик дар Рио-де-Жанейро дар соли 2016 роҳхат ба даст овардааст.
Иълова бар ин ҳама дастовардҳо, гурзандози тоҷик имсол борҳо ғолиб ва барандаи чандкаратии мусобиқоти байналмилалии «IAAF Hammer Throw Challenge» гардид.
Ҳамчунин, дувумин беҳтарин варзишкори тоҷик дар соли 2015 паҳлавони ҷудо (дзюдо) Комроншоҳ Устопириён эълом шуд. Ин ҷудукори номовари тоҷик дар мусобиқоти Ҷоизаи бузург (Гран-при) дар радаи вазни 90 кило дар Қазоқистон мақоми аввал, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Кувейт мақоми савум ва дар Ҷоми бози Осиё-2015 дар Тайпаи Чин мақоми дувумро ба даст овардааст.
Ҷудукори дигари тоҷик Саидҷалол Саидов дар мусобиқоти Осиё дар Кувейт дар вазни то 100 кило мақоми савум, дар Ҷоми бози Африқо дар Порт-Луии Маврис (Маврикий) ҳам мақоми савумро касб кард ва дар феҳристи беҳтарин даҳ варзишкори имсоли тоҷик низ мақоми савумро ба даст овардааст.
Паҳлавони куштии фарангӣ (юнонӣ-румӣ) Муродҷон Тӯйчиев барои касби мақоми савум дар вазни 130 кило дар мусобиқоти Осиё дар Дуҳаи Қатар; куштигири озод Фарҳод Анақулов барои касби мақоми савум дар дар мусобиқоти Осиё дар Дуҳаи Қатар дар вазни 125 кило; муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов барои касби мақоми савум дар мусобиқоти Осиё дар Таиланд дар вазни то 91 кило; муштзани номии тоҷик Мавзуна Чориева барои касби мақоми савум дар дар мусобиқоти Осиё дар миёни занон дар вазни 60 кило дар Уланчабеи Чин; муштзан Шоира Зулқайнарова барои касби мақоми савум дар дар мусобиқоти Осиё дар миёни занон дар радаи вазни то 64 кило дар Уланчабеи Чин; куштигири камарбанд Хуршед Шарифов барои касби мақоми аввал дар мусобиқоти ҷаҳон дар Қазони ФР дар радаи вазни то 90 кило ва касби қаҳрамонӣ дар мусобиқоти Осиё дар Ирон; куштигири самбо Акмалиддин Каримов барои касби мақоми дувум дар мусобиқоти ҷаҳонӣ дар Марокаш дар радаи вазни то 57 кило ва барои пирӯзӣ дар марҳилаҳои Ҷоми ҷаҳонӣ дар шаҳрҳои Алмати, Маскав ва касби қаҳрамони Осиё дар Атирауи Қазоқистон ба тартиб дар феҳристи беҳтарин даҳ варзикори имсоли тоҷик ҷой гирифтанд.
Беҳтарин тими соли ҷорӣ бошгоҳи футболи (БФ) “Истиқлол”-и пойтахт эълом шуд. Ин бошгоҳ ширкаткунандаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми КФО-2015 (конфедерасиюни футболи Осиё), қаҳрамон ва барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон мебошад.

Поделиться новостью: