ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 11:53 | 16 октябр

Филми тоҷикии «Тасфия» дар ҷашнвораи синамои қавмӣ дар Уфа арзёбӣ мешавад

Дата: 14:07, 10-11-2015.


Душанбе. 10 ноябр. ТоҷикТА - Филми «Тасфия»-и коргардони тоҷик дар ҷашнвораи байналмилалии қавмӣ дар шаҳри Уфаи Бошқирдистони ФР арзёбӣ мешавад, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бинобар гузориши сойти расмии ҷашнвораи Уфа, филми синамоии «Тасфия»-и Шарофат Арабова, коргардони тоҷик шомили барномаи озмуни 2-умин ҷашнвораи байналмилалии синамои миллӣ ва қавмӣ – “Ақбузати нуқраӣ” гардид, ки аз 9 то 12 декабр дар шаҳри Уфа баргузор хоҳад шуд.
Ҳамчунин, ҳайати доварон ду филми кӯтоҳи коргардонони тоҷик – “Гунҷишки сафед”-и Диловар Султонов ва филми мустанади “Дар чакраи об – тамоми ҷаҳон”-и Толик Гадомамадовро бояд арзёбӣ кунанд.
Ҷашнвораи Уфа дар чаҳорчӯби анҷумани инсондӯстонаи Уруосиё дар интибоқ бо барномаи раёсати ФР дар Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) дар солҳои 2014-2015 баргузор мешавад.  
Дар барномаи озмуни ҷашнвора 25 филми кишварҳои Русия, Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ҳинд, Латвия, Бангладеш, Ирон, Озарбойҷон, Миср ва Эстония мавриди арзёбӣ қарор мегиранд.
Дар чаҳорчӯби барномаҳои хориҷ аз озмун, намоишҳое, ки ба синамои кишварҳои уъзви СҲШ ихтисос ёфтааст, монанди Рӯзи филми ҳиндӣ, Рӯзи филми қирғиз, Рӯзи филми ӯзбек нишон дода мешавад.
Дар ҳайати байналмилалии доварони ҷашнвора симоҳои номовари ҳунари синамо, мисли Давлат Худоназаров, филмбардор, коргардон, сеноринавис, ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон, Виктор Лисакович, мудири бахши синамои ғайрибозӣ дар донишгоҳи синамои Маскав, ҳунарпешаи мардумии ФР, Гулбара Толомушова, синамошинос, уъзви иттиҳодияи синамогарони Қирғизистон, Хоҷақулӣ Нарлиев, коргардон, сеноринавис, ҳунарпеша, филмбардор, уъзви раёсати фарҳангистони ҳунари синамои Русия “Ника”, Владимир Грамматиков, ҳунарпешаи театр ва синамо, коргардон, дромнавис, таҳиякунанда, уъзви иттиҳодияи синамогарони ФР ва уъзви анҷумани коргардонони синамо доварӣ мекунанд.

Поделиться новостью: