ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 14:38 | 18 июл

Фаррух Амонатов дар Ҷоми шатранҷи Осиёи Марказӣ мақоми дувумро ба даст овард

Дата: 15:17, 30-11-2015.

Фаррух Амонатов дар Ҷоми шатранҷи Осиёи Марказӣ мақоми дуюмро ба даст овард
Алмати. 30 ноябр. ТоҷикТА—Насибҷон Амонӣ. Фаррух Амонатов, шатранҷбози машҳури Тоҷикистон, устоди бузурги байналмилалӣ дар мусобиқаи Ҷоми Осиёи Марказӣ (ОМ) бо касби 7,5 имтиёз дар 9 бозӣ, мақоми дувум ва миқдори 3 ҳазор доллар ҷоиза ба даст овард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Ду шоҳмотбози қазоқистонӣ Ринат Ҷумъабоев ва Петр Костенко бо Фаррух имтиёзи баробар гирифтанд, вале чун шумори пирӯзии Ринат бештар (7) буд, ӯ мақоми аввалро касб кард. Бо ин ҳол, Ҷумъабоев дар мусобиқа танҳо бо ду устоди бузурги байналмилалӣ рӯ ба рӯ шуда, дар яке аз ин бозиҳо аз Фаррух шикаст хӯрд ва дар бозии дигар бо шоҳмотбози ҷавону умедбахши тоҷики ӯзбакистонӣ, устоди бузурги байналмилалӣ Ҷаҳонгир Воҳидов натиҷаи баробар ба даст овард.
Мақоми савуми Ҷоми шоҳмоти ОМ-ро Петр Костенко касб кард.

Шоёни зикр аст, ки шатранҷбози номдори тоҷик бидуни ягон бохт мусобиқаро поён бахшид  ва ба бовари бештари огаҳони варзиш, беҳтарин шатранҷбоз дар Ҷоми Осиёи Марказӣ буд.
Ин нуктаро Илҳом Юнусов, дабири кулли федератсиюни шатранҷи Тоҷикистон, ки яке аз доварони мусобиқа буд, низ таъйид кард. Вай афзуд, ки ҳарчанд дар ҳисоби расмии мусобиқа Фаррух Амонатов мақоми дувумро касб кард, вале рақобатҳо  нишон доданд, ки ӯ беҳтарин ва нерӯмандтарин шатранҷбози Ҷоми Осиёи  Марказӣ –2015  аст. Ба гуфтаи оқои Юнусов,  нуктаи ҷолиб ин аст, ки агар барандаи мусобиқа аз 9 бозӣ танҳо дар дутоаш бо устодони бузурги байналмилалӣ рақобат карда, як бозиро ба Фаррух бохта, бозии дигарро бо шатранҷбози ӯзбакистонӣ Ҷаҳонгир Воҳидов баробар анҷом дода бошад, Фаррух Амонатов  аз 5 бозӣ бо  устодони бузурги байналмилалӣ дар сетоаш пирӯз шуд ва дуи дигарро баробар кард.
Дастоварди Фаррух дар Ҷоми Осиёи Марказӣ мавқеъи ӯро дар раддабандии ФИДЕ низ боло бурд ва ба ӯ 14,8 имтиёз афзуд. Акнун шатранҷбози тоҷик наздик ба 2596 имтиёз дорад.
Дар ҷоми ОМ дар Алматӣ Алишер Каримов ва Надежда Антонова, ду шатранҷбози ҷавони Тоҷикистон ба натиҷае нарасиданд ва Алишер дар маҷмӯъ 4,5  ва Надежда танҳо 3,5  имтиёз ба дст оварданд.
Дар ҳисоби дастаӣ ҳам дар байни беш аз 70 шатранҷбози 6 кишвари минтақа шатранҷбозони Қазоқистон пирӯз  ва соҳиби Ҷоми Осиёи Марказӣ  гардиданд.

Поделиться новостью: