ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 14:38 | 18 июл

Эмомалӣ Раҳмон Темур Зулфиқоровро бо 80-умин солгарди зодрӯзаш шодбош гуфт

Дата: 13:35, 18-08-2016.


Душанбе. 18 август. ТоҷикТА – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Темур Зулфиқоров, шоъир ва нависандаи маъруфи тоҷики русзабонро  аз тариқи суҳбати телефонӣ бо 80-умин солгарди зодрӯзаш шодбош гуфт, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳури ҶТ, Раҳмон аз Т. Зулфиқоров барои саҳми ӯ дар насру назм ва драмматургияи мудерни тоҷик сипосгузорӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки Темур Зулфиқоров соли 1936 рӯзи 17 август дар Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ муаллифи китобҳои зиёди назм ва наср ва осори саҳнаӣ мебошад.
Осори Т. Зулфиқоров ба 12 забони ҷаҳон тарҷума шуда ва бар асоси онҳо дар бисёр саҳнаҳои кишварҳои ҷаҳон намойишҳо гузошта шудаанд.
Ӯ муаллифи беш аз 20 филми бадеъӣ ва мустанад аст, ки ҷоизаҳои миллӣ ва байналмилалиро дарёфт кардааст.

Поделиться новостью: