ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 12:14 | 16 октябр

Дорусозони Тоҷикистон ва Ҷопон ёддошти ҳамкорӣ имзо карданд

Дата: 16:17, 29-10-2015.


Душанбе. 29 октябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амлоки давлатии Тоҷикистон ва ширкати дорусозии Cokey System Co. LTD-и Ҷопон ёддошти ҳамкорӣ имзо карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Бинобар иттилоъи маркази матбуъотии кумитаи сармоягузорӣ, ёддошти ҳамкорӣ аз сӯи Қодир Қосим, раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва мудирияти амлоки давлатии ҶТ ва Наомаса Иошида, мудири кулли ширкати дорусозии Ҷопон ба имзо расид.
Гуфта шуд, ки ширкати дорусозии Cokey System Co. LTD-и Ҷопон бузургтарин тавлидкунанда ва содиркунандаи дору аз решаи гиёҳи ширинбаён (ширинбия, ширинбӯя) дар ҷаҳон ба шумор меравад. Иълова бар ин, ин ширкат дар иҷрои тарҳи иҷоди корхонаи муштараки (КМ) тоҷику-ҷопонии ширкати саҳомии бастаи (ШСБ) “Аввалин” дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон саҳм дорад. КМ “Аввалин” аввалин ва то кунун танҳо корхонаи муштараки тоҷику ҷопонист, ки 51 дарсад саҳми он ба Тоҷикистон ва 49 дарсад саҳм ба Ҷопон таъаллуқ дорад.
Дар таҷҳизоти аз лиҳози фановарӣ бисёр пешрафтаи корхонаи муштарак, ки то кунун дар ҷаҳон назир надорад, ордаи (консентрат) тезоби глитсирризин, ки дар решаи гиёҳи ширинбӯя мавҷуд аст, тавлид шуда ва ин маҳсулот барои тавлиди дору ба хориҷ содир мешавад.
Барои кишт ва парвариши ширинбӯя 2 ҳазор ҳектор замин дар ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус ба ихтиёри ШСБ “Аввалин” ироа шудааст.
Дар ҳоли ҳозир 700 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишту коркарди решаи гиёҳи ширинбаён дар ин корхонаи муштарак машғуланд.

Поделиться новостью: