ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 19:23 | 19 октябр

Дар Тоҷикистон миёни духтарони футболбоз мусобиқоти минтақаии Осиё-2016 оғоз шуд

Дата: 15:33, 26-04-2016.


Душанбе. 26 апрел. ТоҷикТА – Имрӯз барои аввалин бор дар Тоҷикистон мусобиқоти минтақаии Осиё-2016 миёни духтарони футболбози то 14-сола оғоз гардид, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Дар ин мусобиқоти футбол дӯшизагони минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубии қора (қитъа) рақобат мекунанд.
Бинобар иттилоъи федерасиюни футболи Тоҷикистон (ФФТ), дар мусобиқа тимҳои футболи духтарони навраси Тоҷикистон, Ирон, Қирғизистон, Бангладеш, Непал, Ҳинд ва Бутон ширкат мекунанд.
Бозиҳо дар ду гурӯҳ “А” ва “В” дар варзишгоҳҳои академия футбол дар шаҳраки Алмосӣ ва варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахт баргузор мешавад.
Вуруд барои тамошобинон ройгон аст.
Бозиҳои ниманиҳоии духтарони футболбоз рӯзи 30 апрел ва ниҳоӣ 1 май баргузор хоҳад шуд.
Дар поёни бозии ниҳоии мусобиқоти минтақаии Осиё-2016 тими ғолиб ва барандагони ҷоизаҳо бо медалҳои тилло, нуқра ва брунз тақдир мешаванд.

Поделиться новостью: