ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 14:29 | 18 июл

Дар шаҳри Хуҷанд гушоиши маҳаллаи «Чимкент» баргузор гардид

Дата: 13:24, 31-08-2016.

Душанбе. 31 август. ТоҷикТА – Дар шаҳри Хуҷанд гушоиши маҳаллаи «Чимкент», ки ба ифтихори 25-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ва Қазоқистон, ҳамчунин ба рамзи эҳтироми бародаршаҳрҳои Хуҷанду Чимкент ин номро гирифт, барпо шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи вазорати умури хориҷии Қазоқистон, гушоиши маҳалла дар чорчӯби ташрифи ҳайати намояндагони ҶҚ таҳти раёсати Уласбек Садибеков, муъовини устондори устони Қазоқистони Ҷанубӣ ба Хуҷанд сурат гирифт. Уласбек Садибеков бо Абдураҳмон Қодирӣ, устондори Хуҷанд низ мулоқот кард.
Тарафайн масоъили ҳамкории бародаршаҳрҳо – Хуҷанд ва Чимкент, ҳамчунин дурнамои ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои гуногунро баррасӣ карданд.
Дар раванди ташриф намояндагони тиҷории устони Қазоқистони Ҷанубӣ бо соҳибкорони устони Суғд вохӯрӣ намуданд. Соҳибкорони тоҷик бо зарфияти сармоягузории устони ҷанубии Қазоқистон ошно шуданд.
Раёсати устонҳои Қазоқистони Ҷанубӣ ва Суғд дар поёни ташриф дар мавриди рушди ҳамкории устонҳои ду кишвар изҳори аълоқамандӣ намуданд.

Поделиться новостью: