ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 15:23 | 17 октябр

Дар орми нави лигаи футболи Тоҷикистон шери болдори форсӣ пайдо шуд

Дата: 15:22, 25-07-2016.


Душанбе. 25 июл. ТоҷикТА — Мақомоти лигаи футболи Тоҷикистон зимни таҷдиди назар ба орми футболи тоҷик, тасвири шери болдори форсиро дар орми нави худ ҷой доданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Ба асоси иттилоъи федерасиюни футболи Тоҷикистон (ФФТ), лиги (лига) футболи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз оғози дувумин даври мусобиқоти ҷоми футболи кишвар аз орми ҷадиди дорои шери болдори форсӣ истифода мекунад.
Мақомоти ФФТ бар ин боваранд, ки орми нав, ки решаҳои бисёр жарфи таърихӣ дорад, сафҳаи тозаеро дар таърихи тавсеъаи бошгоҳҳои футболи кишвар боз хоҳад намуд.
Шери болдори порсӣ, ки тасвири он дар орми нави лиги футболи тоҷик ҷой дода шуд, рамзи мардонагӣ, бузургӣ ва пешрафт ба шумор меравад.
Сабки нави орми лигаи футбол дар коргоҳи ороишгарии студияи пешгоми кишвар -- «Устодизайн» таҳия шуд ва тасмими тағйири ормро мушовирони ФИФА, намояндагони бахши бозорёбии лигаи футбол ва ФФТ муштаракан иттихоз карданд.
Гуфта мешавад, ки лигаи футболи Тоҷикистон кўшиш ба харҷ медиҳад, то сатҳи ҳирфаии бошгоҳҳои футболи кишварро иртиқоъ диҳад.
Маркази тиҷоратии «Ёвар»-и Душанбе дар ин замина аз лиги футболи Тоҷикистон ҳимояти молӣ ба аъмал овард.

Поделиться новостью: