ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 14:12 | 18 июл

Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 1,1 ҳазор хона аз селоб хисорат дид

Дата: 13:38, 12-05-2016.


Душанбе. 12 май. ТоҷикТА – Дар асари селоб дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 1 ҳазору 100 хонаи иқоматӣ хисорат дид, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Бинобар иттилоъи Ориф Нозим, сухангӯи кумитаи вазъияти изтирорӣ ва дифоъи мадании (КВИ ва ДМ) ҶТ, дар шаби 11-12 май дар асари боришҳои шадид оби рӯдхонаи Элок сарозер шуд ва беш аз 1100 дару хонаи иқоматӣ дар ҷамоъати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ хисорат дид.
Аз ин офъати табиъӣ сокинони рустоҳои Адолат, Садоқат, Файзоба ва Комсомоли ҷамоъат хисорат диданд.
Ба гуфтаи сухангӯи КВИ ва ДМ ҶТ, “хушбахтона, оъфати табиъӣ бидуни қурбонии ҷонӣ гузашт ва дар ҳоли ҳозир дар маҳалли ҳодиса имдодгарони КВИ, низомиёни подгони Душанбе ва аъзои комиссиюни муҳосибаи хисороти ношӣ аз балои селоб фаъолият доранд.
Қаблан КВИ аз хатари селобу обхезӣ ва заминлағзаи ношӣ аз боришҳои шадид, ки аз 11 май то 15 май дар қаламрави ҷумҳурӣ идома хоҳад дошт, ҳушдор дода буд.

Поделиться новостью: