ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 19:55 | 19 октябр

Дар Душанбе маросими гушоиши нахустин кӯдакистони байналмилалӣ барпо шуд

Дата: 20:52, 30-08-2016.

Душанбе. 30 август. ТоҷикТА – Имрӯз дар Душанбе бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ҶТ нахустин кӯдакистони байналмилалӣ – «Малика» ба баҳрабардорӣ расид, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳури ҶТ, Абдуҳошим Исмоъилзода, соҳибкори тоҷик барои сохтмони ин кӯдакистон 14 миллион сомонӣ (1,78 миллион доллар) ихтисос дод.
Кӯдакистони байналмилалии «Малика» зарфияти омӯзишу парвариши 200 кӯдакро дорад. Бинои кӯдакистон сеошёна буда, муштамили 16 утоқи хоб мебошад. Кӯдакистон ҳамчунин, дорои ҳавзи об, толори варзиш, толори бозӣ, майдони футзал, синфи мусиқӣ, утоқҳои корӣ ва толори ҷаласа аст.
Парваришу омӯзиши кӯдакон ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ роҳандозӣ мешавад.

Поделиться новостью: