ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 12:29 | 18 июл

Дар Душанбе маркази бузурги тиҷоратии «Ашан»-и фаронсавӣ боз шуд

Дата: 15:38, 22-06-2016.

Душанбе. 22 июн. ТоҷикТА – Дар Душанбе «Ашан» - аввалин маркази тиҷоратии бузурги (гипермаркет) фаронсавӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ боз шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чаҳоршанбе.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳури ҶТ, дар маросими ба баҳрабардорӣ расондани “Ашан” Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳузур дошт.
Бинои чаҳорошёна дар майдони 5 ҳазор метри мураббаъ дар пойтахт, ки 110 миллион сомонӣ (беш аз 14 миллион доллар) ҳазина дошт ва “Ашан” ҷой гирифт, “Душанбе мол” номгузорӣ шуд.
Ба гуфтаи Раҳмон, беҳбуди фазои сармоягузорӣ, тасҳили (содасозӣ) муқаррароти вобаста ба фаъолиятҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ки ҳукумати Тоҷикистон анҷом медиҳад, имкон фароҳам кардааст, то ширкатҳои маъруфи хориҷӣ бо эътимод вориди бозори Тоҷикистон шавад.
Сохтусоз ва роҳандозии маркази тиҷоратии (МТ) «Ашан» (Auchan) дар Тоҷикистон бо мусоъидати ширкати «Schiever International» анҷом шудааст, ки беш аз 3 ҳазор маркази тиҷоратӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон дорад.
Роҳандозии фаъолияти “Ашан” дар МТ “Душанбе мол” то 400 ҷоикори нав иҷод мекунад ва ҳамзамон, 70 нафари дигар дар мудирияти идории МТ кору даромади доимӣ пайдо хоҳанд кард.
МТ “Ашан” дар Душанбе ба ширкати «Ашан-Тоҷикистон» - бунёнгузори гурӯҳи ширкатҳои фаронсавии Schiever таъаллуқ дорад.
Ба бовари коршиносони Бонки урупоии бозсозӣ ва тавсеъа (БУБТ), мардум дар Тоҷикистон дар бозор ва ё мағозаҳои хурд харидҳои гаронбаҳо анҷом медиҳанд ва роҳандозии маркази тиҷоратии бузург рақобат дар бозорро афзоиш медиҳад ва ангезае барои коҳиши нархҳо хоҳад буд ва барои харидорон имкони интихоби ҷадид фароҳам хоҳад шуд.

Поделиться новостью: