ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 12:53 | 16 октябр

Дар асари зилзила дар Тоҷикистон 2 тан кушта,13 тан захмӣ ва 500 хона хароб шуд

Дата: 16:04, 08-12-2015.


Душанбе. 8 декабр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Дар Тоҷикистон дар асари заминларзаи шадиди рӯзи душанбе 500 хона хароб гардид, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бинобар иттилоъи дастгоҳи ҳукумати ҶТ, дар ин бора комиссиюни ҳукуматии ҳазфи аъвоқиби заминларзаи шадид гузориш додааст.
Қобили зикр аст, ки соъати 12:50 ба вақти маҳаллӣ, рӯзи душанбе, 7 декабр дар шарқи Тоҷикистон заминларза ба шиддати 7,2 дараҷа рух дод. Маркази заминларза дар қаламрави ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон, дар 364 километрии шарқи Душанбе ва дар 22 километрии дарёчаи (кӯл) баландкӯҳи Сарез мавқеъият дорад.
Дар паи ин заминларзаи ваҳшатнок таи 18 соъат 10 маврид пасларза ба шиддати 4,5-5,5 дараҷа сабт гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар асари ин оъфати табиъӣ 2 нафар кушта ва 13 нафар аз сокинони вилояти Кӯҳистони Бадахшон захмӣ шуданд.
Зарбаи аслии балоёи табиъӣ ба дараи рӯдхонаи Бартанг ворид шуд. Беш аз ҳама, рустоҳои ноҳияи Рӯшон хисорат диданд.
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба комиссиюни ҳукуматӣ, раиси ҳукумати вилояти Бадахшон (ВМКБ) ва мақомоти вазоратҳову муассисаҳо дастур дод, то дар кӯтоҳмуддат ба сокинони хисоратдида кумак ироа кунанд ва хонаводаҳое, ки бесарпаноҳ монданд, бо маскани муваққатӣ, либоси гарм, ғизо ва лавозимоти дигар таъмин шаванд.
Ба гуфтаи намояндаи дастгоҳи ҳукумат, комиссиюн ҳамчунин дастур гирифтааст, то барои ҳазфи аъвоқиби (аз байн бурдани оъқибатҳо) зилзила, шурӯъ ба иқдомоти фаврӣ кунанд.

Поделиться новостью: