ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 5:37 | 16 ҷумъа

Чойхонаи «Роҳат»-и Душанбе беҳтарин чойхонаи ҷаҳон эътироф шуд

Дата: 18:29, 17-02-2017.

Душанбе. 17 феврал. ТоҷикТА – Шабакаи телевизионии CNN-и ИМО  чойхонаи «Роҳат»-и пойтахти Тоҷикистонро таҳти рақами 1 вориди феҳристи 11-то  чойхонаи беҳтарини ҷаҳон кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино ба гузориши бахши гардишгарии сойти CNN, чойхонаи “Роҳат” яке аз “марворидҳои меъморӣ” ва “яке аз чойхонаҳои беҳтарини ҷаҳон” эътироф шуд.
Гуфта мешавад, ки чойхонаи “Роҳат” собит кард, ки имрӯзҳо чой мавриди аълоқаи ҷаҳониён қарор гирифтааст.
Муаллифони ин гузориш менависанд, ки чойхона дар тарҷума маънои хонаи чойро медиҳад ва чунин биноҳоро дар сартосари Тоҷикистон дидан мумкин аст.
Пеш дар чойхона уъмадатан мардҳо ҷам меомаданд ва масоъили гуногунро баррасӣ мекарданд. Вале имрӯз чойхона ҷойи дӯстдорони чой мебошад.
Чойхонаи “Роҳат” дар ҳоли ҳозир яке аз беҳтарин нуқоти Душанбе барои меҳмонон мебошад, ки бо нӯшидани як пиёла чой онҳо ба Душанбе меҳр меварзанд.

Поделиться новостью: