ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 8:17 | 14 декабр

Чакани тоҷик номзади феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО аст

Дата: 13:02, 26-11-2015.


Душанбе. 26 ноябр. ТоҷикТА – ЮНЕСКО, созмони омӯзиш, фарҳанг ва уълуми Созмони милали муттаҳид (СММ) сабти ҳунари гулдӯзии чакани тоҷикиро ба феҳристи мероси фарҳанги маънавии башарият баррасӣ мекунад, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Бинобар иттилоъи маркази матбуъотии ЮНЕСКО, соли 2015 чакан – ҳунари гулдӯзии Кӯлоби Тоҷикистон барои сабт дар феҳристи мероси фарҳанги маънавии башарият номзад шуд.
Аз 29 ноябр то 4 декабр дар Виндҳуки Намибия нишасти кумитаи байниҳукуматии мероси фарҳанги маънавӣ баргузор хоҳад шуд.
Дар нишаст масъалаи сабти 7 номзад дар феҳристи мероси фарҳанги маънавии номалмус (ғайримоддӣ), ки ба ҳифозати фаврӣ ниёз доранд ва ҳамчунин, сабти 34 номзад дар феҳристи намунаи мероси фарҳанги маънавии башарият баррасӣ мешавад.
Иълова бар ин, дар нишаст як иъдда аз усулҳои ахлоқии ҳифозати мероси номалмус мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Қобили зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир теъдоди феҳристи намунаи мероси фарҳанги маънавии башарият 314-то муҳосиба шудааст.

Поделиться новостью: