Назирмад Ализода: Заминаҳои ҳуқуқии равобити ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон муҳайёст, вале тавоноиҳои истифоданашуда ҳанӯз бисёранд

Дата: 18:41, 04-12-2014.

Остона. 4 декабр. ТоҷикТА – Матлуба Шоалиева. Назирмад Ализода, сафири тозаинтисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар мусоҳибаи вижае ба пурсишҳои сардабири бахши форсии КазТАГ- хабаргузории байналмилалии телеграфи Қазоқистон посух дод.
  
-    Сафири муҳтарам, бигӯед, ки равобити миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон ва мардуми ин ду кишвар пас аз 23 соли фурӯпошии қаламрави воҳидашон - Иттиҳоди Шӯравии собиқ, ҳамакнун чӣ вазъияте дорад?
    
-    Муносиботи дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистонро 93 санади ҳамкорӣ дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ танзим мекунад. Бешакк, иродаи сиёсӣ ва иқдому фаъолиятҳои пайгиронаи роҳбарони ҳар ду кишвар, раисони ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев омили муҳимми тавсеъа ва густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистон ба шумор меравад. Равобити ду кишвар дар арсаҳои мухталиф беш аз пеш ривоҷу равнақ меёбад. Рафту омади мо чун даврони шӯравӣ бидуни раводид аст, парвозҳои ҳавопаймои масири Душанбе-Алмати-Душанбе ҳатто дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон қатъ нашудааст ва сол ба сол теъдоди парвозҳо бештар ва кайфияти хадамоти онҳо беҳтар мешавад. Табиъист, ҳарчанд кишварҳои мо низоми раводидӣ миёни худ надоранд, вале бояд қонун ва муқаррароти ҳар ду кишвар аз сӯи ҳамаи шаҳрвандони тоҷику қазоқ дар қаламравҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон ба сурати ҳатмӣ риоят ва эҳтиром шавад. Маҳз пас аз фурӯпошии шӯравии собиқ - дар давраи истиқлоли миллӣ равобити ҳасана ва ҳамаҷонибаи ду кишвар бар пояҳои баробарӣ, бародарӣ ва суннатҳои дӯстиву ҳамсоягии неки азалӣ эҳё гардид.  Дар миёни мардуму миллати ҳар ду кишвар низ рафту омад ва доду ситад рӯз ба рӯз таҳким меёбад. Бубинед, дар ҳар ду кишвар ҳам барои донишҷӯён, муҳоҷирони корӣ, тоҷирон,  сармоягузорон,  корофаринони тоҷику қазоқ шароити кору таҳсилу доду гирифт фароҳам аст.

-    Иттифоқан, мехостам бипурсам, ки дар соҳаи омӯзиш ва парвариши ду кишвар чӣ тарҳҳои муштарак роҳандозӣ шуда ва иҷро мешавад?

-    Дар ин арса низ Тоҷикистон бо Қазоқистони бародар ҳамкории танготанг дорад ва теъдоди донишҷӯёни қазоқистонӣ дар Тоҷикистон ва шумори донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Қазоқистон сол ба сол афзоиш меёбад. Бар асоси тавофуқномаи ҳамкорӣ дар соҳаи омӯзиш ва парвариш, тарафайн ҳар кадом 100 адад бурсия тахсис додаанд, яъне ҳамасола имкон фароҳам аст, то 100 ҷавони тоҷикистонӣ дар донишгоҳҳои Қазоқистон ва 100 ҷавони қазоқистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ба таҳсилоти олӣ пардозанд. Ҳамчунин, роҳбарони ду давлат бо дарназардошти ин нукта, ки тоҷиктаборони Қазоқистон дар дабистону дабиристонҳо ба забони модарии худ дарс мехонанд, ба идомаи таҳсили тоҷикони Қазоқистон дар беҳтарин донишгоҳҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳи вижае зоҳир кардаанд ва ба ин мавзӯъ увлавият додаанд.

-    Куллан,  ин ҳамкорӣ кадом риштаҳои таҳсилоти оълиро дар бар мегирад ва дар соли хониши ҷорӣ шумори донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Қазоқистон чӣ қадар аст?

-    Амалан ин бурсияҳо ҳамаи риштаҳои таҳсилоти олиро дар бар мегирад ва кодрҳои гуногун омода мекунад: омӯзгор, муҳандис, пизишк, афсар, забондон, пажӯҳишгар, ҳунарманд, овозхон, варзишкор, хабарнигор, мутахассиси кишоварзӣ ва домпарварӣ, бинокор, меъмор... ва ғайра. Нуқтаи дигаре, ки таъкидашро лозим медонам, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва нерӯҳои қудратии кишвари мо – вазорати умури дохила, кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва нерӯҳои марзбони он, хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ба донишгоҳҳои соҳавии Қазоқистон ҳамасола донишҷӯ мефиристад. Дар ҳоли ҳозир, шумори ин донишҷӯёни тоҷик, яъне афсарони ояндаи ватан дар донишгоҳҳои низомӣ ва нерӯҳои қудратии Қазоқистон беш аз 150 нафар мебошад. Бояд гуфт, ки ҳазинаи омӯзишу парвариш ва хӯроку хобгоҳи онҳо барои Тоҷикистон ройгон аст, зеро бар асоси тавофуқ, харҷу ҳазинаи ин афсарони ояндаи тоҷикро Қазоқистон бар дӯш гирифтааст.

-    Метавонед сатҳ ва ҳаҷми ҳамкориҳои Қазоқистон ва Тоҷикистонро дар арқому омор бозгӯӣ кунед? Ҳаҷми гардиши тиҷоратӣ аз чӣ арқоме бархӯрдор аст?

-    Хушбахтона, равобити иқтисодӣ ва тиҷоратии миёни ду кишвар сол ба сол афзоиш пайдо мекунад. Таваҷҷуҳи сармоягузорон, корофаринон ва бонкдорони қазоқ ба иқтисоди Тоҷикистон бештар мешавад. Бино бар омори расмӣ, соли 2013 ҳаҷми гардиш ё табодулоти тиҷоратии миёни ду кишвар афзун бар 711 миллион доллар буд. Омори расмӣ ҳокист, ки таи моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ, гардиши тиҷоратии ду кишвар иборат аз 421,8 миллион доллар буд, ки ин шохис дар муқойиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта 105,6 дарсад афзоишро нишон медиҳад. Ин рақамҳо аз пӯёӣ ва вазъи рӯ ба афзоиши табодулоти тиҷоратии ду кишвар бозгӯӣ мекунанд.

-    Чӣ гуна мол ё коло дар содироту воридоти миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон увлавият дорад?

-    Кишвари  мо ба Қазоқистон ба таври умда анвоъи меваҳои хушку тар, сабзавот, сабзиҷот, нуқрадор  (руда) ва консентрати сурб (қӯрғошим) содир мекунад. Тоҷикистон аз Қазоқистон орд, гандум, дору, чӯб, тахта, маводди сохтмон, маводди сӯхт, симон (семент) ва ғайра ворид мекунад. Қобили зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 47 ширкат ва корхонаи муштараки тоҷику қазоқ фаъолият мекунад.

-    Ва оё, аз назари Шумо дар доду ситаду табодулоти тиҷоратӣ ва куллан равобити ҳамкориҳои миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон ҳамаи тавоноиҳои (потенсиал) ду кишвар истифода шудаанд?

-    Табиъист, ки посухи пурсишатонро худатон низ хуб медонед: албатта, на! Мо бахшҳои зиёде дорем, ки ҳузури фаъоли сармоягузорони қазоқро тақозо мекунад. Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ тавсеъа меёбад, бинобарин, лозим аст, ки сармоягузорони қазоқ дар МОИ-ҳои гуногуни мо фаъолияти чашмгиртаре дошта бошанд. Дар бахшҳои кашфу истихроҷи маъдан, тарроҳиву эҳдоси нерӯгоҳҳо, дорусозӣ саҳми сармоягузорони қазоқ камтар дида мешавад. Аз сӯи дигар, ҳузури сармоягузорони тоҷик дар Қазоқистон бисёр камранг аст  ва ин дар ҳолест, ки ин кишвари бузург имконоти фаровоне барои сармоягузорӣ дорад. Ҳамчунин, дар бахши фарҳангӣ рафту омад ва робитаҳои шоъирону адибон, хабарнигорон, наққошон, овозхонон, ҳунарпешагони синамо ва театр, гурӯҳҳои мусиқӣ ва куллан аҳли ҳунар ва варзишкорон бояд бештар бошад, зеро ҳунару фарҳангу варзиш мардумон ва кишварҳоро ба ҳам наздиктар ва пайвасттар мекунад. Биноан, бо сароҳат мегӯям, ки заминаҳои ҳуқуқии равобити ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон муҳайёст, вале тавоноиҳои истифоданашуда ҳанӯз бисёранд.

-    Қазоқистон ва Тоҷикистон кишварҳои уъзви бисёре аз созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ мебошанд. Дар кадом аз ин созмонҳо мавзеъи Душанбе ва Остона ба ҳам бисёр наздик аст?

-    Дуруст гуфтед. Тоҷикистон ва Қазоқистон аз узвият дар Созмони милали муттаҳид ва бахшҳои марбути он гирифта то дар иттиҳоди Кишварҳои мустақили ҳамсуд ва бахшҳои зиёди он, Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шонгҳой (Шанхай), Раванди Истамбул, Созмони ҳамкории иқтисодӣ... ва даҳҳо дигар  ҳузури фаъол доранд. Мавзеъи Душанбе ва Остона дар мубориза бо терроризм, ифротгарӣ, табаҳкорӣ, ҷинояти созмонёфта, одамрабоӣ, қочоқи маводди мухаддир ва силоҳу ҷангафзорҳо ва ҳамаи иллатҳое, ки озодӣ, ҳуқуқ, баробарӣ ва мардумсолориро нақз менамояд, ба ҳам бисёр наздик аст ва дар чорчӯби созмонҳои гуногун муштаракан бар зидди ин балоё ба сурати мудовим мубориза мекунад.

-    Мардумони се кишвари аз нигоҳи вусъати қаламрав ва теъдоди ҷамъият бузурги шӯравии собиқ – Русия, Қазоқистон ва Белорус аз нахустин рӯзи соли нави милодӣ, ки ҳамакнун дар мекӯбад, дар як фазои муштараки паймони иқтисодӣ – Иттиҳоди иқтисодии Уруосиё зиндагӣ хоҳанд кард. Дар дурнамо оё Душанбе дар садади пайвастан ба ин иттиҳод аст ё хайр?

-    Аввалан, тазаккур медиҳам, ки пазируфтан ё напазируфтани узвияти ҳар гуна созмон ба иродаи сиёсии мақомоти давлат ва манофеъи миллии кишвар бастагӣ дорад. Дар ин росто, ҳар кишвар табиъист, ки бо баррасии амиқи манофеъи миллии худ иқдом мекунад. Пайвастан ба созмонҳо шарту шароити гуногун - аз ҳаққу ҳуқуқи узвият гирифта то уҳдадориҳое дорад, ки иҷрову риояташ ҳатмист. Аз ин ҷост, ки Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир масъалаи узвият дар Иттиҳоди иқтисодии Уруосиёро ба сурати ҳамаҷониба мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор додааст. Зимнан, бояд гуфт, ки аз сӯи дигар, ҶТ аз чанд сол ба ин сӯ узви Созмони  тиҷорати ҷаҳонист. Бинобар ин, таъкид мекунам, ки  масъалаи таъсири ин ҳамгароӣ ба иқтисоди миллии кишвар, мавриди мутолиаи ҷиддӣ ва ҳамаҷониба қарор гирифтааст.
    Дар поёни суҳбат иҷоза бидиҳед, бо истифода аз ин фурсати муносиб, аввалан, роҳандозии нахустин сойти интернетии Қазоқистон ба забони модариамонро барои ҳамаи тоҷикони ҷаҳон шодбош бигӯям ва дар зимн аз хидматҳои Шумо дар ин росто, сипосгузорӣ кунам. Дигар, барои мардумони дӯсту бародари Тоҷикистон ва Қазоқистон беҳтарин орзуҳои солинавӣ таманно мекунам.  

Поделиться новостью: