Коршиносон: Афзойиши истифодаи ангишт дар Тоҷикистон ба муҳити зист осеб мерасонад

Душанбе. 11 август. ТоҷикТА – Коршиносон: Афзойиши истифодаи ангишт дар Тоҷикистон ба муҳити зист осеб мерасонад, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Рӯзи гузашта дар Душанбе намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ дар мавзӯъи “Рушд бидуни ангишт” мизи гирд баргузор карданд. Дар мулоқот додаҳои вазорати саноъат ва фанновариҳои нав кишвар, ки беш аз 200 ширкат ангиштро ҳамчун сӯхт истифода мебарад, оварда шуд. Ширкаткунандагони мизи гирд таъкид карданд, ангишт касифтарин маводди сӯхти истихроҷшаванда ва хатарноктарин манбаъи барқ барои иқлим аст. Сӯхтани густурдаи ангишт манбаъи бузургтарини заболаҳои гозҳои гармхонаҳо ба атмосфера мебошад.
Ба асоси додаҳои созмонҳои эколожӣ, Тоҷикистон имрӯз пайомадҳои чашмгири тағйироти иқлимро таҷруба мекунад ва коҳиш додани заболаҳои гозҳои гармхонаҳо ва ҳамгуна мубориза дар сатҳи миллӣ барои тағйир додани иқлим ба суди Тоҷикистон хоҳад буд.
Ба назари коршиносони эколожӣ, тавсеъаи густурдаи тавлиди ангишт ба сиёсати миллии иқлимии мавҷуда ва ба кӯшишҳои ҷаҳонӣ барои коҳиш додани истифодаи маводди сӯхти истихроҷшаванда зидд мебошад.
Коршиносон хотирнишон карданд, ки Тоҷикистон кишварест, ки Тавофуқномаи иқлимии Парижи паймонномаи чорчӯбии Созмони милали муттаҳидро тасвиб кардааст. Тоҷикистон масъул аст, истифода аз ангиштро коҳиш бидиҳад.
Ба гуфтаи коршиносон, рушди густурдаи тавлиди ангишт дар Тоҷикистон ба бахшҳои гардишгарӣ ва кишоварзӣ, ки вобастаи муҳити зист мебошад, хатар иҷод мекунад.
Ёдовар мешавем, ба додаҳои вазорати саноъати кишвар, дар соли 2014 дар кишвар 870 ҳазор тонна, дар соли 2015 беш аз 1 миллион тонна ва дар соли 2016 беш аз 1,3 миллион тонна ангишт тавлид карда шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон барои дастёбӣ ба таъмини ниёзи дохилӣ ва содироти ангишт барномарезӣ кардааст, ки то соли 2020 тавлиди ангиштро чанд баробар афзойиш бидиҳад.