ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 7:59 | 20 октябр

Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуъоти тоҷикро ҷашн мегиранд

Дата: 19:00, 11-03-2016.


Душанбе. 11 март. ТоҷикТА – Имрӯз, 11 март дар Тоҷикистон Рӯзи матбуъоти тоҷикро ҷашн мегиранд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бинобар иттилоъи иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон (ИРТ), имрӯз баъд аз пешин дар бинои театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови пойтахт маросими бошукӯҳи намояндагони расонаҳои хабарӣ баргузор мешавад. Дар маросим беҳтарин хабарнигорон тақдир мешаванд ва ҳозирон барномаи мусиқии устодони ҳунари мусиқии Тоҷикистонро тамошо мекунанд.
Қобили зикр аст, ки дар Рӯзи матбуъоти имсол ному насаби ҷоизадорони нави ИРТ эълом намешавад. Қарор аст, асомии барандагони ҷоизаи соли иттиҳодия дар аърафаи Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон – 9 сентябр эълом шавад.
Қаблан дар Тоҷикистон низ мисли ҳамаи ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ Рӯзи матбуъотро 5 май таҷлил мекарданд. Сар аз соли 1994 дар Тоҷикистон 11 март – рӯзи чопи аввалин шумораи рӯзномаи “Бухорои Шариф” дар аморати Бухоро ба забони форсии тоҷикӣ, Рӯзи матбуъоти тоҷик эълом шудааст.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 130 рӯзнома мунташир мешавад.

Поделиться новостью: