Дар бораи мо


Хабаргузории телегрофи Тоҷикистон (ТоҷикТА) дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон расман сабти ном шуда, ба фаъолияти хеш аз 1 октябри соли 2012 оғоз кардааст.

Иттилооти ҳаррӯза, ки ҳаводиси муҳимро аз ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзиш дар бар мегиранд, мустақиман ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар низоми онлайн, пахш мешаванд.

Дар сомонаи ТоҷикТА инчунин матлабҳои таҳлилӣ: дидгоҳҳо, назари коршиносон ва мусоҳибаҳо чоп мешаванд. Рукнҳои асосии фаъолияти дастаи ТоҷикТА расондани иттилооти воқеӣ, оҷил ва муътамад аст.

Аз иттилооти ТоҷикТА расонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ, мақомоти давлатӣ ва тиҷоратӣ, созмонҳои иҷтимоӣ ва байналмилалӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва ҳамчунин корхонаҳои бахши иқтисодӣ истифода мекунанд.

ТоҷикТА шарики Хабаргузории телегрофи Қазоқистон (КазТАГ), Хабаргузории телегрофи Қирғизистон (КирТАГ), Хабаргузории телегрофи Ӯзбакистон (УзТАГ), Хабаргузории телегрофи Афғонистон (АфТАГ), Хабаргузории телегрофи Эрон (ИрТАГ) ва ҳамчунин Хабаргузории телегрофи Silkroad News аст, ки рӯйдодҳои Чин ва кишварҳои воқеъ дар имтидоди Роҳи бузурги абрешимро пӯшиш медиҳад.