Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
16:00
23 Сентябр 2017
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
20:25

Коршиноси омрикоӣ: Садди НБО Роғун амнтарин сарбанди ҷаҳон хоҳад буд

03.06.2016
Душанбе. 3 июн. ТоҷикТА – Садди нерӯгоҳи барқи обии (НБО) Роғун амнтарин сарбанди ҷаҳон хоҳад буд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Дэвид Симпсон (David W. Simpson), коршинос ва зилзилашиноси омрикоӣ, раиси ифтихории ширкати Incorporated Research Institutions for Seismology (IRIS) ахиран дар як мусоҳибааш ба расонаҳои хабарӣ гуфтааст, ки “садди тарҳрезишудаи НБО Роғуни Тоҷикистон дар қиболи заминларзаҳои эҳтимолӣ устувор аст. Ин дар мисоли сарбанди НБО Норак, ки 40 соли пеш сохта шудааст, исботи худро ёфтааст”.    
Ӯ афзуд, ки “ман муҳандис нестам, вале аз таҷоруби садди НБО Норак метавонам изҳори назар кунам, ки сарбанди заминӣ хеле қобили итминон, устувор ва амнтарин аст. Зарурист, ки пӯшаи атрофи садд мустаҳкам бошад ва ман ба ин назарам, ки ҳангоми тарҳрезии нерӯгоҳ ба ин нукот ҷалби таваҷҷуҳ кардаанд”.
Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳар гуна тағйир дар пӯстаи замин тавассути ҳафт ларзанигори диҷитол (рақамӣ) сабт мешавад ва қарор аст, то поёни соли ҷорӣ даҳ истгоҳи мушобеҳи ларзанигориро дар замини Нораку Роғун насб кунанд, чаҳортои онҳо дар ояндаи наздик насб хоҳад шуд.
Д.Симпсон бо худ ба Тоҷикистон 1,5 тонна таҷҳизот , аз ҷумла 12 роёна овардааст, ки то кунун 6-тои онҳо дар бином хадамоти зилзилашиносӣ дар Душанбе ва 6-тои дигари он дар Фарҳангистони уълуми ҶТ насб шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Дэвид У. Симпсон аз соли 1991 таи солҳои тӯлонӣ раиси иттиҳодияи ниҳодҳои иълмиву пажӯҳишии зилзилашиносии Омрико  (IRIS) буд ва ҳоло раиси ифтихории ин иттиҳодия аст. Бо ин иттиҳодия 120 донишгоҳи ИМО бо шумули садҳо бахшҳои хориҷӣ ҳамкории иълмиву пажӯҳишӣ доранд.
IRIS аз сӯи Бунёди миллии иълмии ИМО барои тавсеъаи пажӯҳишҳои зилзилашиносӣ мусоъидат мешавад.

Ҳамкорон