Кормандони ХГ Тоҷикистон дар Душанбе аз қочоқи доруҳо ва пӯшокҳо ҷилавгирӣ карданд
Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
02:34
20 Феврал 2018
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
11:39

Кормандони ХГ Тоҷикистон дар Душанбе аз қочоқи доруҳо ва пӯшокҳо ҷилавгирӣ карданд

14.02.2018 Кормандони ХГ Тоҷикистон дар Душанбе аз қочоқи доруҳо ва пӯшокҳо ҷилавгирӣ карданд Душанбе. 14 феврал. ТоҷикТА – Кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз қочоқи пӯшокҳо ва доруҳо ҷилавгирӣ карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чоршанбе.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии Хадамоти гумруки ҶТ, ин колоҳо ҳангоми бозрасии як худрав дар пойтахт кашф ва забт шуданд.
Бар асоси додаҳои манбаъ, дар миёни колоҳо пӯшокҳои занона ба вазни кулли 2,6 тонна ва 2 қутӣ дору, ки асноди воридотӣ надошт, ҷой доштанд.
Хадамоти давлатии назорати вазорати беҳдошт ва ҳифозати маданӣ ба стондортҳои зарурӣ посухгӯ набудани доруҳои INDICATION №20, Montalin №10,Minoxidil №6-1-ро таъйид карданд.
Соҳиби ин колоҳо сокини Душанбе, шаҳрванди мутаваллиди соли 1992 буд. Вай колоҳоро аз як шаҳрванди Қирғизистон ба номи Айдан дарёфт кард ва бидуни сабтином вориди Тоҷикистон кард.
Дар ин маврид парвандаи тахаллуфӣ боз шуд.

Ҳамкорон