Тими футболи ҷавонони Тоҷикистон аз бошгоҳи Маҷористон шикаст хӯрд
Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
02:36
20 Феврал 2018
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
10:27

Тими футболи ҷавонони Тоҷикистон аз бошгоҳи Маҷористон шикаст хӯрд

14.02.2018 Тими футболи ҷавонони Тоҷикистон аз бошгоҳи Маҷористон шикаст хӯрд Душанбе. 14 феврал. ТоҷикТА – Тими миллии футболи ҷавонони то соли 19-и Тоҷикистон дар дувумин бозии назоратӣ дар чорчӯби тамринот дар Туркия аз таркиби ҷавонони бошгоҳи “Ференсварош”-и Маҷористон бо натиҷаи 3 бар 1 шикаст хӯрданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чоршанбе.
Бино ба иттилоъи Федерасиюни футболи Тоҷикистон, Нуриддин Ҳамроқулов ягона голи тоҷикистониёнро ба самар расонд.
Ёдовар мешавем, ки ин бозӣ дар варзишгоҳи маркази варзиши “Беллис”-и Белеке баргузор шуд. Доварони Русия ин бозиро доварӣ карданд.
Чанде қабл шогирдони Мубин Эргашев аз бошгоҳи “Вайле”-и Дания бо натиҷаи 2 бар о мағлуб шуда буданд.
Тими миллии ҷавонони то соли 19-и Тоҷикистон дар чорчӯби тамринот дар Туркия боз 2 бозии дигари назоратӣ баргузор хоҳанд кард. Рӯзи 16 феврал онҳо бо тими миллии ҷавонони Словакия ва рӯзи 19 феврал бо ҳамсолони қазоқистониашон рақобат хоҳанд кард.

Ҳамкорон