ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 9:19 | 13 ноябр

Тоҷикистон воридоти ордро коҳиш, воридоти гандумро афзойиш медиҳад

Дата: 13:53, 17-08-2018.

Душанбе. 17 август. ТоҷикТА – Тоҷикистон тадриҷан воридоти ордро коҳиш ва воридоти гандумро афзойиш медиҳад, то онро дар дохили кишвар орд кунад, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино ба иттилоъи вазорати рушди иқтисодӣ ва бозаргонии Тоҷикистон, ҶТ дар 7 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми вордиоти гандумро дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 11,7 ҳазор тонна коҳиш ва воридоти гандумро 132,2 ҳазор тонна афзойиш дод..
Бар асоси додаҳои манбаъ, дар ин муддат 19 ҳазор тонна орд ба арзиши 4 миллион доллар вориди Тоҷикистон шуд, ки ин шумор дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 11,7 дарсад коҳишро нишон медиҳад.
Дар ин давр 661,2 ҳазор тонна гандум ба арзиши 168 миллион доллар вориди ҶТ шуд. Қазоқистон таъминкунандаи аслии гандуми ҶТ мебоашд.
Дар ҳоли ҳозир беш аз 90 ҳазор дарсад ниёзи ҶТ ба орд аз ҳисоби тавлиди дохилӣ таъмин мегардад. Дар ҶТ пардозиши ғалла, ба вижа, гандум хеле боло рафт ва боиси коҳиш ёфтани воридоти орд шуд.
Бар асоси додаҳои вазорати кишоварзии Тоҷикистон то поёни моҳи июн дар кишвар беш аз 524,8 ҳазор тонна ғалла тавлид шуд. Вале, ҳаҷми гандуми ҷамъвораишуда гуфта нашудааст.

Поделиться новостью: