ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 14:07 | 20 октябр

Тоҷикистониён дар Нюйорк дар “Режаи форсӣ” ширкат карданд

Дата: 16:31, 19-04-2018.

Душанбе. 19 апрел. ТоҷикТА – Зодагони Тоҷикистон дар 15-умин “Режаи форсӣ”, ки ҳамасола дар Нюйорк баргузор мешавад, ширкат карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Бино ба иттилоъи вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар ин режа зодагони манотиқе, ки Наврӯзро ҷашн мегиранд, ширкат мекунанд.
Имсол дар “Режаи форсӣ” зодагони Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Албания, Чин, Муғулистон ва ғайра ширкат карданд.
Ин режа дар Мэдисон-авеню баргузор шуд ва таваҷҷӯҳи гардишгаронро бо либосҳои миллатҳои гуногун ба худ ҷазб кард.
Имсол дар ин тадбир ҷавононе, ки либоси миллии Кӯҳистони Бадахшонро дар бар доштанд, аз Тоҷикистон намояндагӣ карданд.
Нахустин “Режаи форсӣ”-ро муҳоҷирони иронӣ соли 2004 барпо карда буданд. Ин тадбир маъмулан дар миёни моҳи апрел барпо мегардад.
Дар сойти созмондиҳандагони тадбир гуфта мешавад, ки ҳадаф аз баргузории Режаи ҳамасолаи форсӣ муаррифии фарҳанги ғании тамаддуни иронӣ мебошад.

Поделиться новостью: