ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 5:43 | 18 август

Намояндагони устони Суғди Тоҷикистон номзади устондори навро тасвиб карданд

Дата: 14:21, 19-04-2018.

Душанбе. 19 апрел. ТоҷикТА – Намояндагони устони Суғди Тоҷикистон номзади устондори нав – Раҷаббой Аҳмадзодаро тасвиб карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи паншҷанбе.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии устондори Суғд, рӯзи гузашта дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи маҷлиси намояндагони мардуми устони Суғд барпо шуд. Намояндагони мардум дар ҷаласа аз фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар мавриди озод кардани Абдураҳмон Қодирӣ аз мақоми устондор Суғд ва таъин кардани Раҷаббой Аҳмадзода ба ин мақом пуштибонӣ карданд.
Ҳамчунин, намояндагон пешниҳоди номгардон кардани 32 русто ва як ҷамоъат дар шаҳрҳои Конибодому Истаравшан, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов пуштибонӣ карданд.
Пешниҳоди ҷаласа дар бобати номгардон кардани рустоҳо ва як ҷамоъат ба ҳукумати Тоҷикистон таҳвил дода мешавад, ва агар он тасвиб ёбад ба маҷлиси ъолии порлумони кишвар таҳвил хоҳад ёфт.

Поделиться новостью: