ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 22:37 | 14 ноябр

Лигаи футболи Тоҷикистон дар феҳристи лигаҳои рӯ ба рушди аввалдараҷаи Осиё ҷой гирифт

Дата: 14:13, 15-10-2018.

Душанбе. 15 октябр. ТоҷикТА – Лигаи футболи Тоҷикистон шомили феҳристи лигаҳои рӯ ба рушди аввалдараҷаи Осиё шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бино ба гузориши сойти расмии Федерасиюни футболи Тоҷикистон, рӯзҳои 19-20 ноябр дар шаҳри Бангкок нишасти КФо дар мавриди масоъили саноеъи варзишӣ барпо мегардад ва дар ин нишаст беҳтарин лигаи футболи Осиё  ва лигаи аввалдараҷаи рӯ ба рушди Осиё эълом хоҳад шуд.
Аз миёни лигаҳои футболи Тоҷикистон, Ҳиндустон, Индонезия, Иордания, Сингапур, Ветнам, бутан, Гуам, Қирғизистон ва Филиппин беҳтарин лигаи футболи қитъа интихоб хоҳад шуд.
Дар миёни лигаҳои Австралия, Чин, Ирон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Қатар, Ъарабистони Саъудӣ, Таиланд, Ӯзбекистон ва АМЪА беҳтарин лигаи футболи Осиё муъайян хоҳад гардид.
Номзадон аз рӯи меъёрҳои мудирият, тамвил, мусобиқот, бозорёбӣ ва ғайра арзёбӣ мегарданд.
Аз миёни ҳар ду радаи номзадон намояндагони сето лига ба нишасти Бангкок даъват мегарданд.

Поделиться новостью: