Бошгоҳи “Хуҷанд”-и Тоҷикистон барои бозии КФО-2018 ба Туркманистон рафт
Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
02:28
20 Феврал 2018
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
10:22

Бошгоҳи “Хуҷанд”-и Тоҷикистон барои бозии КФО-2018 ба Туркманистон рафт

12.02.2018 Бошгоҳи “Хуҷанд”-и Тоҷикистон барои бозии КФО-2018 ба Туркманистон рафт Душанбе. 12 феврал. ТоҷикТА – Бошгоҳи “Хуҷанд”-и Тоҷикистон шаби гузашта барои рақобат бо “Ахала”-и Туркманистон дар чорчӯби даври муқаддимотии ҷоми КФО-2018 ба Ашқобод парвоз кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бино ба иттилоъи Федерасиюни футболи Тоҷикистон, футболбозони Хуҷанд баъди фурӯд дар Ашқобод ба шаҳри Балканобод равона шуданд.
Бошгоҳи “Хуҷанд” муштамил бар 26 тан, аз ҷумла, 18 тан бозикун ва ҳайъати мураббиён мебошад. Рустам Хоҷаев, мураббии бошгоҳ барои бозии даври муқаддимотӣ 2 тан дарвозабон, 5 тан мудофеъ, 8 тан нимҳимоятгар ва 3 тан муҳоҷимро баргузид.
Рақобати ду бошгоҳ дар соъати 15.00 дар варзишгоҳи “Спорт туплими” баргузор хоҳад шуд.


Ҳамкорон