Соли гузашта дар Суғди Тоҷикистон шумори худкушии ноболиғон афзойиш ёфт
Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
08:22
19 Феврал 2018
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
08:16

Соли гузашта дар Суғди Тоҷикистон шумори худкушии ноболиғон афзойиш ёфт

12.02.2018 Соли гузашта дар Суғди Тоҷикистон шумори худкушии ноболиғон афзойиш ёфт Душанбе. 12 феврал. ТоҷикТА – Соли 2017 дар устони Суғди Тоҷикистон 38 мавриди худкушии ноболиғон сабт шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Осим Каримзода, раиси идораи таҳсилоти устони Суғд ахиран дар нишасти расонаӣ гуфт, ки мавориди худкушии ноболиғон дар соли гузашта дар муқойиса бо соли 2016 6 маврид афзойишро нишон медиҳад.
Ба гуфтаи вай, ҳоло дар дабиристонҳо равоншиносон кор мекунанд.
Каримзода гуфт, ки соли гузашта дар устон 145 мавриди тахаллуфи ноболиғон сабт шуд, ки дар 75 маврид тахаллуфкорон донишомӯз буданд.
Ду сол қабл дар Суғд 146 мавриди тахаллуфи ноболиғон сабт шуда буд, ки дар 81 маврид ширкати донишомӯзон ҷой дошт.


Ҳамкорон