Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Ӯзбекистон таслият гуфт
Авторизатсия
Даромадан ба шабакаҳои иҷтимой:
15:53
21 Феврал 2018
  • ДУШАНБЕ:
  • °C
Дар ин ҷо ду гузориш дар бораи нерӯгоҳи барқи обии Норак бихонед.
12:52

Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Ӯзбекистон таслият гуфт

19.01.2018 Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Ӯзбекистон таслият гуфт Душанбе. 19 январ. ТоҷикТА – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи гузашта бо ирсоли барқия ба Шавкат Мирзиёев, ҳамтои ӯзбекистониаш дар иртибот ба фоҷеъона кушта шудани шаҳрвандони ин кишвар дар Қазоқистон таслият гуфт, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон аз ҷумла гуфт, “Хабари сӯхтани автобуси мусофирӣ дар устони Актубеи Қазоқистон, ки 52 тан кушта ҷой гузошт, маро андӯҳгин кард.
Шавкат Мирамонович, аз Шумо дархост мекунам, ки таслияти мардум ва ҳукумати Тоҷикистонро ба аҳли хонавода ва наздикони қурбониён ва орзуи беҳбудии сареъро ба захмиёни ин фоҷеъа васила шавед.”.


Ҳамкорон